Мулоқотҳои намояндаи доимии ҶТ дар назди шӯъбаи СММ дар Женева

Чанде қабл намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар шаҳри Женева Салоҳиддин Насриддинов бо Муовини Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Андрей Василев мулоқот дошт. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат масъалаҳои рафти омодагӣ ба Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ […]

ASIA-Plus


Чанде қабл намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар шаҳри Женева Салоҳиддин Насриддинов бо Муовини Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Андрей Василев мулоқот дошт.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат масъалаҳои рафти омодагӣ ба Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) мавриди баррасӣ ва табодули назар қарор гирифтанд.

Худи ҳамон рӯз Намояндаи доимии Тоҷикистон С. Насриддинов ҳамчунин бо Директори генералии Созмони байналмилалии муҳоҷират Вилям Леси Свинг вохӯрӣ доир намуд.

 Сафир С. Насриддинов ба намояндаи воломақоми СБМ даъватномаи расмии Вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро ҷиҳати иштирок дар конфронси RECCA-V супорид.

 Ба В.Л. Свинг дар бораи масъалаҳои конфронс, ки ба тарҳрезии лоиҳаҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар бозсозии иқтисодии Афғонистон марбутанд, минҷумла масъалаҳои муҳоҷират, маълумот дода шуд.

Дар навбати худ, Директори генералии СБМ ба масъалаҳои роҷеъ ба ҳамкории Созмони ӯ бо сохторҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба вазъи муҳоҷирини афғон дар кишвар диққати бештар дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.