Мулоқоти сарвари давлат бо аъзои тозатаъини Шӯрои амният

Date:


Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон як гурўҳ кадрҳои ба вазифаҳои ҳайати роҳбарӣ дар Шўрои амният, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳо пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, баъди суҳбат бо Сарвари давлат чор нафар ба вазифаҳои машваратчии калон – сардорони шуъбаҳои дастгоҳи Шўрои амнияти кишвар доир ба амнияти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ ва иттилоотӣ, пешгўӣ ва робитаҳои байналмилалӣ, се кас ба вазифаҳои сардорони раёсатҳои кофтукови ҷиноӣ, тафтишот ва муҳофизати тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардиданд.

Ҳамчунин сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Фархор, Қумсангир, Вахш, Балҷувон, Ҳисор ва Шаҳринав иваз карда шуданд.

 Муҳаббат Иброҳимов Сардори Маркази Тоҷикистон оид ба минаҳо таъин карда шуд.

Зимни суҳбат Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаҳои ногувори даст задании кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба амалҳои ҷиноию ѓайриқонунӣ бо таассуф ёдовар шуда, онҳоро ба иҷрои содиқонаю софдилонаи вазифаҳои пурмасъулияти дар наздашон гузошташуда, муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, таъмини амнияту субот дар ҷомеа ва тарбияи дурусти кадрҳои ҷавони соҳаҳои худ ҳидоят намуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...