Таъсиси Лигаи миллии футболи Тоҷикистон

Дар ҷаласаи нахустини Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли равон дар бораи таъсиси Лигаи миллии футболи Тоҷикистон қарор қабул шуд. Лигаи миллии футболи Тоҷикистон созмони ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ буда, ба корҳои тадорукотии баргузор намудани чемпионати ҷумҳурӣ оид ба футбол машғул хоҳад шуд. Федератсияи футбол бевосита бо дастаҳои мунтахаб сарукор хоҳад дошт», – гуфт зимни суханронӣ […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар ҷаласаи нахустини Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли равон дар бораи таъсиси Лигаи миллии футболи Тоҷикистон қарор қабул шуд.

Лигаи миллии футболи Тоҷикистон созмони ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ буда, ба корҳои тадорукотии баргузор намудани чемпионати ҷумҳурӣ оид ба футбол машғул хоҳад шуд. Федератсияи футбол бевосита бо дастаҳои мунтахаб сарукор хоҳад дошт», – гуфт зимни суханронӣ дар ҷаласа муовини президенти ФФТ Валерий Турсунов.

Бо такя ба суханони В.Турсунов котиби матбуотии ФФТ Фаридун Солиев хабар дод, ки моҳи марти соли равон як комиссияи нозиротии Конфедератсияи футболи Осиё ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар сурати хулосаи мусбати он, шурӯъ аз соли 2013 ду дастаи Тоҷикистон (ҷойҳои 1 ва 2-юм) дар давраи гурӯҳии Ҷоми КФО ширкат хоҳанд варзид.

Ба гуфтаи Солиев, дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи тарзи баргузории чемпионати имсола низ баррасӣ шуда, қарор шудааст он дар ду давр доир гардад. «Шумори дақиқи иштирокчиёни чемионат ҳанӯз маълум нест. Чемпионати соли равон оид ба футбол 6-уми апрел оғоз гардида, бино ба маълумоти пешакӣ дар он 14 даста иштирок мекунанд. Ба ҷуз 11 дастаи соли гузашта, омдагии худро ҷиҳати иштирок дар ҷемпионат дастаҳои «Зарафшон» (Панҷакент), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Ҳосилот» (Фархор) изҳор кардаанд», – гуфт вай.

Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки аз ин ба баъд маблағи хизматгузории доварон ва нозиронро на дастаҳо, балки Лигаи миллии футбол пардохт хоҳад кард. Дастаҳо танҳо пардохти маблағи хароҷоти сафари онҳоро ба дӯш хоҳанд гирифт. Ғайр аз ин, қарор шуд, шурӯъ аз соли равон ба ивази мусобиқоти анъанавӣ бахшида ба хотири Рустам Долтабоев мусобиқоти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон созмон дода мешавад. Мусобиқоти ҳайти дуюми тимҳо низ ба мусобиқоти дастаи ҳайати ҷавонон номгузорӣ шуда, дар ду давр баргузор мешавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ