Миннатдории Душанбе ба Кобул барои мусоидат ба озодии шаҳрванди тоҷик

Чанде қабл гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат Ҳ. Зарифӣ ба ҳамтои афғонистонии худ З. Расул барои мусоидат дар озод кардани шаҳрванди Тоҷикистон Яков Николаевич Тсой, ки дар ҳабсхонаи […]


Чанде қабл гуфтугӯи телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни сӯҳбат Ҳ. Зарифӣ ба ҳамтои афғонистонии худ З. Расул барои мусоидат дар озод кардани шаҳрванди Тоҷикистон Яков Николаевич Тсой, ки дар ҳабсхонаи Пули Чархии ҶИА қарор дошт, изҳори сипос намуд.

Ба иттилои манбаъ, баъдан вазирони корҳои хориҷии ҳарду кишвар масъалаи омодагӣ ба гузарондани Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V)-ро, ки ба 26-27 марти 2012 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба лоиҳаҳои минтақавӣ оид ба бунёди инфрасохторҳо ва коммуникатсияҳо, ки зимни конфронс бо иштироки Тоҷикистон, Афғонистон, дигар кишварҳои манфиатдор, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пешниҳод мегарданд, баррасӣ шуданд.

Зикр гардид, ки дар рафти гуфтугӯи телефонӣ вазирон Ҳамрохон Зарифӣ ва Залмай Расул инчунин ба масъалаҳои омодагӣ ба ҷашни Рӯзи байналмилалии Наврӯз, ки бо иштироки як қатор сарони давлатҳо дар шаҳри Душанбе барпо мегардад, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.