Гуфтушуниди сафири Тоҷикистон дар ВКХ-и Ӯзбекистон

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Комил Рашидов барпо гардид.  Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои ҷории муносибатҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳокима шуданд. Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти […]

Аваз Юлдошев


Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Комил Рашидов барпо гардид.

 Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои ҷории муносибатҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳокима шуданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти як манбаи мӯътамад аз ҳукумати ҷумҳурӣ, ахири моҳи феврал дар Душанбе баргузор намудани ҷаласаи муштараки навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст.

Интизор меравад, ки дар ин ҷаласа ҳайати Ӯзбекистонро муовини нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов ва ҳайати Тоҷикистонро котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров сарварӣ хоҳанд кард.

Айни замон миёни кишварҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи ҳудуди 80%-и марзи давлатӣ мувофиқа ҳосил шудааст.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.