Таъсиси гурӯҳои байнипарлумонии дӯстӣ бо як қатор кишварҳои хориҷӣ

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз 13-уми феврал таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ шуданд. Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммаато Султонеов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», […]

ASIA-Plus


Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз 13-уми феврал таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ шуданд.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммаато Султонеов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, ба як қатор қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла «Дар бораи ташкили Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вулуси Ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Парлумони Ҷумҳурии Арманистон, Ассамблеяи миллии Маҷлиси Шӯрои Ҷумҳурии Исломии Покистон, Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, Верховная Радаи Украина, Маҷлиси Умумихитоии намояндагони халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Палатаи намояндагони Парлумони Япония» тағйирот ворид карда, ҳамзамон ташкили Гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Шоҳигарии Белгия, Парлумони (Сейми) Ҷумҳурии Латвия, Парлумони Ҷумҳурии Финляндия, Парлумони Ҷумҳурии Муғулистон ва Парлумони (Сейми) Ҷумҳурии Литваро барои тақвияти ҳамкории байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин кишварҳо муҳим арзёбӣ карданд.

Дар ҷаласаи Шӯро, инчунин, ба қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати Комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ба ҳайати Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Евросиё» тағйирот ворид карда шуд. Дар хотима аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон масъалаҳо дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»-ро муҳокима карданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи Шӯро изҳори назар карда, хостори тақвияти ҳамкории Гурӯҳҳои дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумонҳои кишварҳои хориҷӣ шуд. Мавсуф ҳамчунин бар ҷоннок кардани ин равобит таъкид намуд.

Аз рӯи масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласаи Шӯро воридшуда аъзои Шӯро Саиди Ёқубзод, Марҳаббо Ҷабборова ва Олим Салимзода фикру андешаҳои худро иброз доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.