Қатъи муваққатии ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Шоми дирӯз дар километри 69-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ (мавзеи Майхӯраи ноҳияи Варзоб) тарма фаромада, он ба қатъи муваққатии ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ боис гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, субҳи имрӯз дар ин мавзеъ корҳои тозакунии роҳ аз барф оғоз гардиданд. […]

Аваз Юлдошев


Шоми дирӯз дар километри 69-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ (мавзеи Майхӯраи ноҳияи Варзоб) тарма фаромада, он ба қатъи муваққатии ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ боис гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, субҳи имрӯз дар ин мавзеъ корҳои тозакунии роҳ аз барф оғоз гардиданд.

«Дар корҳои тозакунии роҳ техникаи КҲФ ва МГ ва ширкати Innovative Road Solutions (IRS), ки ба идораи механизми толлингии роҳи Душанбе-Чаноқ машғул аст, истифода мегардад», – гуфтанд дар кумитаи мазкур.

Бар асари фаромадани тарма талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Нимаи имрӯз барқарор шудани ҳаракати нақлиёт тавассути ин қитъаи роҳ маълум хоҳад шуд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.