Мусодираи ҳудуди 10 кило ҳашиш дар ноҳияи Рӯдакӣ

Кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ҶТ фаъолияти як гурӯҳи ҷиноятпешаи машғул ба қочоқи маводи нашъаоварро қатъ сохтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни амалиёти махсус дар деҳаи Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аъзои як гурӯҳи ҷиноятпешаи иборат аз чор нафари синнусоли аз 28 то 46-сола боздошт […]

ASIA-Plus


Кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ҶТ фаъолияти як гурӯҳи ҷиноятпешаи машғул ба қочоқи маводи нашъаоварро қатъ сохтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни амалиёти махсус дар деҳаи Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аъзои як гурӯҳи ҷиноятпешаи иборат аз чор нафари синнусоли аз 28 то 46-сола боздошт шудаанд.

«Амалиёт муддати ду рӯз идома ёфта, аввал аз ду нафар аъзои гурӯҳ 4 килову 550 грамм ҳашиш ва рӯзи дигар аз ду нафари боқимонда, аз ҷумла саркардаи гурӯҳ боз 4 килову 520 грамм маводи мухаддири ҳашиш мусодира карда шуд», – гуфтанд дар ВКД,

Ҳамин тариқ, 4 нафар боздошт ва ҳудуди 10 кило маводи нашъаовар мусодира карда шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, соли равон кормандони вазорат аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 200 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.