Дар қароргоҳи СММ масоили об ва амнияти ғизоӣ баррасӣ шуд

Чанде кабл дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ дар ҳамкорӣ бо ниҳоди «СММ₋Об» ва Созмони озуқа ва кишоварзӣ (FAO) Ҷаласа дар мавзӯи “Аз рӯзи байналмилалии об, 2012 таҳти унвони “Об ва амнияти озуқавӣ” то Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” доир гардид. Тавре аз Намояндагии доимии Тоҷикистон дар […]

ASIA-Plus


Чанде кабл дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ дар ҳамкорӣ бо ниҳоди «СММ₋Об» ва Созмони озуқа ва кишоварзӣ (FAO) Ҷаласа дар мавзӯи “Аз рӯзи байналмилалии об, 2012 таҳти унвони “Об ва амнияти озуқавӣ” то Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” доир гардид.

Тавре аз Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ хубар доданд, ҷаласаро Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов, Раиси Маҷмаи Умумии СММ Носир  Носир Абдулазиз Наср, муовини Дабири кулли СММ Аша Роуз Мигиро, муовини аввали Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Султон Раҳимов ва Котиби ниҳоди “СММ₋Об” Кенза Робинсон ифтитоҳ намуданд.

Қисми аввали ҷаласа ба мавзӯи “Об ва амнияти озуқа” бахшида шуда буд. Дар ин қисмати ҷаласа Намояндаи доимии Нидерланд дар СММ Ҳерман Шапер дар бораи нақши он кишвар дар ҳалли масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об, Мудири Дафтари  Созмони озуқа ва кишоварзӣ дар Ню₋Йорк Лила Ратсифандриҳаманана дар бораи иқдомоти FAO дар масъалаҳои об ва амнияти озуқавӣ, Мушовири аршади Бунёди кӯдакони СММ (UNICEF) Эндрю Паркер дар бораи барномаҳои он созмон дар бахши амнияти озуқавӣ гузориш доданд.

Дар қисми дуввуми ҷаласа, ки ба мавзӯи “Гуфтугӯ оид ба иқдомоти мавриди интизори Соли байналмилалии об, 2013” бахшида шуда буд. Муовини аввали Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Султон Раҳимов дар мавзӯи “Аҳдоф ва иқдомоти мавриди интизори Соли байналмилалии об, 2013” гузориш дод.

Қайд гардид, ки дар ин замина ҷониби Тоҷикистон амали намудани аҳдофи зеринро ба нақша гирифта буд: дохил намудани пешниҳодҳои Тоҷикистон ба санади хотимавии Конфронси рушди устувор (Рио+20); баргузор намудани мизи мудавари сатҳи баланд дар мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи об дар чаҳорчӯби Форуми 6₋уми байналмилалии об; ба нақша гирифтани барномаи амал дар Соли байналмилалии ҳамкориҳои дар соҳаи об, 2013; баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Соли байналмилалии ҳамкориҳои дар соҳаи об дар Душанбе дар нимаи дуввуми соли 2013 дар Душанбе ва баргузор намудани Гуфтугӯи Маҷмаи Умумии СММ дар мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи об дар моҳи марти соли 2013.

Дар ҷаласа инчунин роҳбари Дафтари мудирияти оби Вазорати замин, инфраструктура, нақлиёт ва туризми Ҷопон Томоо Иноуе дар мавзӯи “Ҳамкорӣ дар соҳаи об ба хотири мудирияти офатҳои табиӣ”, Котиби иҷроияи Шарокати ҷаҳонии об (Global Water Partnership) Ана Гробитски, Мудири Дафтари  ЮНЕСКО дар Ню₋Йорк Филип Криделка, мушовири Шӯрои ҷаҳонии об (World Water Council) Марсиа Брустер дар мавзӯи “Об ва рушди сабз” ва роҳбари ширкати хабарии “South-South News” Франсис Лорензо суханронӣ карданд.

Дар анҷоми нишаст, миёни гузоришдиҳандагон ва ширкаткунандагони ҷаласа саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор дар мавзӯи об ва иқтисоди сабз доир гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.