Низомиёни Русия ба сокинони Кӯлоб дар пешгирии обхезиҳо кумак мекунанд

Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия омодагии худро ба кумак дар пешгирии обхезиҳо ба сокинони Кӯлоб изҳор карданд. Ба гуфтаи сардори шуъбаи таъминоти иттилоотии Ҳавзаи низомии марказӣ подполковник Евгений Мешков, бо ин мақсад дар шаҳраки низомии Кӯлоб як гуруҳи махсус оид ба пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои обхезиҳо таъсис дод шуда, ба ҳайати он хизматчиёни […]

Виктория Наумова


Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия омодагии худро ба кумак дар пешгирии обхезиҳо ба сокинони Кӯлоб изҳор карданд.

Ба гуфтаи сардори шуъбаи таъминоти иттилоотии Ҳавзаи низомии марказӣ подполковник Евгений Мешков, бо ин мақсад дар шаҳраки низомии Кӯлоб як гуруҳи махсус оид ба пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои обхезиҳо таъсис дод шуда, ба ҳайати он хизматчиёни ҳарбии воҳидҳои муҳандисӣ шомиланд ва гуруҳ бо техникаву таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст.

«Расонидани кумаки зарурӣ ба аҳолӣ зимни рух додани ҳолатҳои фавқулода, андешидани чораҳои пешгириву огоҳкунӣ ва бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ аз ҷумлаи вазифаи асосии гуруҳи махсус аст», – гуфт Е.Мешков.

Ба қавли вай, ин вазифаҳоро низомиён дар ҳамдастӣ бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ ва дигар мақомоти дахлдори кишвар ба иҷро хоҳанд расонид.

Номбурда ҳамчунин гуфт, дар машварати махсус фармондеҳи пойгоҳи низомии 201-уми Русия Сергей Рюмшин изҳор кардааст, ки барои роҳ надодан ба ҳодисаҳои фоҷеабори монанд ба моҳи майи соли 2010, ки бар асари он аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаву садҳо манзили зист пурра хароб гардида буданд, низомиён омодаанд дар мубориза бо офат ба сокинони Кӯлоб ҳамаҷониба дасти ёрӣ дароз кунанд. «Пойгоҳи низомии Русия ба расонидани кумаки зарурӣ баҳри наҷоти ҳаёти мардум омода аст», – таъкид кардааст С.Рюмшин.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?