Таваҷҷуҳи ширкатҳои олмонӣ ба ҳамкорӣ дар бахши энергетика

Чанде қабл дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Роҳбари Раёсати Агентии энергетикии «Дена»-и Олмон Ҷаноби Штефан Коллер баргузор гардид. Чуноне аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо вобаста ба ҷараёни корҳо дар самти бахшҳои мухталифи энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор дода […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Роҳбари Раёсати Агентии энергетикии «Дена»-и Олмон Ҷаноби Штефан Коллер баргузор гардид.

Чуноне аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо вобаста ба ҷараёни корҳо дар самти бахшҳои мухталифи энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба иттилои манбаъ, зимни сӯҳбат Штефан Коллер қайд кардааст, ки мулоқоти баргузоргаштаи соҳибкорони олмонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имзои Ёддошти тафоҳум бо Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҷиҳати ҷалби бештари ширкатҳои олмонӣ ба соҳаи энергетикии Тоҷикистон тадриҷан заминаҳои мусоидро фароҳам оварда шавад ва фаъолияти самараноки онҳо дар татбиқи лоиҳаи ин соҳаи муҳими иқтисодиёти Тоҷикистон таъмин гардад. Аз ин дидгоҳ, ӯ таъкид намудааст, ки ширкатҳои энергетикии Олмон алоқаманданд, ки Агентии энергетикии Олмон дар барқарор намудани робитаҳои мустақими корӣ бо вазорату муассисаҳои марбутаи Тоҷикистон ва иштироки онҳо дар татбиқи муштараки лоиҳаҳои энергетикӣ иқдомҳои заруриро роҳандозӣ кунад.

Зикр гардид, ки ҷонибҳо аз натиҷаҳои ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои зикргардида минбаъд густариш хоҳад ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...