Даъвои «Сантӯда-1» нисбати «Барқи тоҷик» қонеъ шуд

Суди олии иқтисодии Тоҷикистон даъвои ҶСК «Сангтӯда-1» дар бораи аз ШСХК «Барқи тоҷик» рӯёнидани маблағи қарз барои истифодаи барқи нерӯгоҳро қонеъ кард. Қарор дар ин бора рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта 6-уми апрел содир гардид. Чуноне аз Суди олии иқтисодӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ширкати энергохолдингӣ бояд талаботи даъвогии ҶСК «Сангтӯда-1» дар ҳаҷми 5 млн. […]

Виктория Наумова


Суди олии иқтисодии Тоҷикистон даъвои ҶСК «Сангтӯда-1» дар бораи аз ШСХК «Барқи тоҷик» рӯёнидани маблағи қарз барои истифодаи барқи нерӯгоҳро қонеъ кард. Қарор дар ин бора рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта 6-уми апрел содир гардид.

Чуноне аз Суди олии иқтисодӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ширкати энергохолдингӣ бояд талаботи даъвогии ҶСК «Сангтӯда-1» дар ҳаҷми 5 млн. сомонӣ ва ҳамчунин хароҷоти судӣ ба маблағи 100 ҳазор сомониро пардохт намояд.

Дар ширкати «Барқи тоҷик» маълумоти мазкурро тасдиқ намуда, бо баҳонаи ояндаи наздик омода сохтани изҳороти расмӣ аз шарҳи минбаъда худдорӣ варзиданд.

Дар ҶСК »Сангтӯда-1 низ аз шарҳу тавзеҳи масъалаи мазкур худдорӣ карданд. Ҳамчунин то ҳанӯз маълум нест, ки чаро ҶСК «Сангтӯда-1» ба тамоми маблағи қарз неву танҳо ба 5 млн. сомонӣ аризаи даъвогӣ пешниҳод кардааст, зеро замони пешниҳоди ариза ҳаҷми умумии қарз беш аз 200 млн. сомонӣ (зиёда аз 42 млн. $ бо қурби ҷорӣ)-ро ташкил медод

Айни замон ҳаҷми маблағи қарзи ширкати энергохолдингӣ дар назди нерӯгоҳ ба зиёда аз 263 млн. сомонӣ (беш аз 55 млн. $) баробар аст.

Ёдрас мекунем, ки аризаи даъвогӣ ба Суди олии иқтисодӣ аз ҷониби ҶСК «Сангтӯда-1» моҳи январи соли равон пешниҳод гардида буд.

ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 15% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.