Аҳолӣ аз аҳамияти эмгузаронии саривақтӣ огоҳ мешавад

Дар Тоҷикистон Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ (иммунизатсия, сироятнопазир кардан) оғоз мегардад, ки ҳадафи аслӣ аз он таблиғоти афкори муҳим будани эмгузаронии саривақтӣ ҳам барои калонсолону ҳам барои кӯдакон аст. Зимни нишасти хабарӣ дар робита ба оғози ин маърака роҳбари Намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар ҶТ Павел Урсу изҳор кард, ки барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди […]

Валентна Кондрашова


Дар Тоҷикистон Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ (иммунизатсия, сироятнопазир кардан) оғоз мегардад, ки ҳадафи аслӣ аз он таблиғоти афкори муҳим будани эмгузаронии саривақтӣ ҳам барои калонсолону ҳам барои кӯдакон аст.

Зимни нишасти хабарӣ дар робита ба оғози ин маърака роҳбари Намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар ҶТ Павел Урсу изҳор кард, ки барои ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар масъалаи коҳиши маргумири кӯдакони синнусоли то 5-сола ба сеяки ҳисса, афзоиши фарогирии сироятнопазир гардонидани кӯдакон аз бемориҳо тавассути пешгирӣ бо ваксина зарур аст.

«Иммунизатсия имкон медиҳад, ки ҳамасола аз марги аз 2 то 3 млн. кӯдакон дар сатҳи глобалӣ пешгирӣ карда шавад», – гуфт вай.

Дар доираи чорабинии мазкур аз 21 то 27-уми апрел дар саросари ҷумҳурӣ аксияҳои гуногун доир гардида, ба аҳолӣ оид ба манфиати эмгузаронӣ ҷиҳати пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ маводи иттилоотӣ пешниҳод мегардад.

Ҳафтаи мазкур таҳти шиори «Пешгирӣ, муҳофизат ва иммунизатсия» доир мегардад. Гуфта мешавад, коршиносон бар ин назаранд, ки эмгузаронии саривақтии кӯдак аз табобати беморӣ бамаротиб арзонтар аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.