Таваҷҷуҳи соҳибкорони Люксембург ба иқтисоди Тоҷикистон

Чанде қабл дар ш. Люксембург вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гертсогии Бузурги Люксембург (бо иқоматгоҳ дар ш. Брюссел) Рустамҷон Солиев бо Президенти Палатаи савдои Люксембург Пиер Грамегна баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот тарафҳо лоиҳаҳои аз ҷониби Тоҷикистон дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар ш. Люксембург вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гертсогии Бузурги Люксембург (бо иқоматгоҳ дар ш. Брюссел) Рустамҷон Солиев бо Президенти Палатаи савдои Люксембург Пиер Грамегна баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот тарафҳо лоиҳаҳои аз ҷониби Тоҷикистон дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Люксембург 9-10 июни соли 2011 пешниҳодгардидаро, ки Палатаи савдои Люксембург онҳоро амалӣ месозад, муҳокима намуданд. Ҳамзамон мусоҳибон роҳҳои мушаххаси густариши равобити миёни ду кишварро дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ карданд.

Пиер Грамегна зикр сохт, ки лоиҳаҳои сармоягузории аз ҷониби Тоҷикистон манзургардида дар марҳилаи оғози татбиқи амалӣ қарор доранд. Тибқи гуфтаҳои ӯ, доираҳои молиявӣ ва соҳибкории Люксембург ба самтҳои коркарди маъдан, сохтмон ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мароқи хоса зоҳир менамоянд. Пиер Грамегна афзуд, ки Палатаи савдои Люксембург дар асоси маводҳои иттилоотии аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон пешниҳодгардида таҳлили дақиқи фазои сармоягузории ҷумҳуриро гузаронида, қарори тавсия додани рушди равобити дуҷонибаи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Тоҷикистонро ба тамоми ширкатҳо, доираҳои молиявӣ ва соҳибкории Люксембург қабул намуд.

Бо мақсади тезонидани амалигардонии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки гурӯҳи сармоягузорон ва соҳибкорони Люксембургро ташкил дода, то охири соли равон ба Тоҷикистон сафарбар кунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.