Пуштибонии Бутан аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар масоили об

Date:


Чанде қабл мулоқоти нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо фиристодаи махсуси нахуствазир Шоҳигарии Бутан Лёнпо Кинзанг Дорчи баргузор шуд.

Тавре аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Лёнпо Кинзанг Дорчи номаи шодбошии Сарвазири Шоҳигарии Бутанро ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов расонида, изҳор дошт, ки кишвараш хостори ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад .

Таъкид шуд, ки Шоҳигарии Бутан ба мисли Ҷумҳурии Тоҷикистон сарзамини кӯҳсор буда, захираҳои бойи гидроэнергетикӣ дорад ва рушди иқтисодии он асосан аз ҳисоби соҳаи кишоварзӣ ва туризми кӯҳӣ таъмин карда мешавад.

Оқил Оқилов изҳор дошт, ки ҳар ду давлат бо назардошти имконоту захираҳои монанд метавонанд дар оянда дар соҳаҳои кишоварзӣ, туризм ва сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ муносибатҳои хуби дуҷонибаро ба роҳ монда, аз таҷрибаи ҳамдигар баҳравар гарданд.

Шоҳигарии Бутан аз ташаббусҳои сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонии Тоҷикистон вобаста ба масоили об ва идораи захираҳои обӣ ҳамеша пуштибонӣ менамояд ва ин ташаббусҳоро аз омилҳои муҳими ҳалли мушкилоти марбут ба об дар саросари ҷаҳон медонад, таъкид кард фиристодаи махсуси Сарвазири Шоҳигарии Бутан.

Дар мулоқот ҷонибҳо омодагию ҳавасмандии худро барои пуштибонии мавқеи ҳамдигар дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрӯза ва ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба таъкид доштанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...