Коршинос: Варзишгарони тоҷик аз Лондон медали тило намеоранд

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» шореҳи шинохта, Раиси Ассосиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов изҳор кард, ки аксари варзишгарони тоҷике, ки ҳуқуқи ширкат дар Бозиҳои Олимпиадаи Лондонро ба даст овардаанд, барои соҳиб шудан ба медалҳои мусобиқот имкониятҳои хуб доранд. Ба андешаи ӯ, барои муваффақ шудан ба медалҳои олимпиада боксчиён Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов […]

Аваз Юлдошев


Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» шореҳи шинохта, Раиси Ассосиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов изҳор кард, ки аксари варзишгарони тоҷике, ки ҳуқуқи ширкат дар Бозиҳои Олимпиадаи Лондонро ба даст овардаанд, барои соҳиб шудан ба медалҳои мусобиқот имкониятҳои хуб доранд.

Ба андешаи ӯ, барои муваффақ шудан ба медалҳои олимпиада боксчиён Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов ва Мавзуна Чориева имкониятҳои хуб доранд.

«Аммо мебояд дар хотир дошт, ки дар даврҳои пешакӣ киҳо ҳарифони варзишгарони мо мешаванд ва агар онҳо бо чемпионҳои амалкунанда дучор шаванд, пас умедҳои мо дар марҳилаи аввали мусобиқот барҳам мехӯранд», – таъкид кард коршинос.

Латифов мегӯяд, таэквондочиёни тоҷик Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов таҷрибаи кофии иштирок дар мусобиқоти байнулмилалиро надошта, танҳо як мӯъҷиза метавонеад ба медал гирифтани онҳо кӯмак кунад.

«Бо назардошти синнусол, ин олимпиада барои гӯштигир Юсуф Абдусаломов охирин хоҳад буд ва ӯ метавонад барои ба даст овардани медал кӯшиши зиёд ба харҷ диҳад», – иброз дошт вай.

Дар робита ба иштироки варзшгарони маъруфи тоҷик – гурзандоз Дилшод Назаров ва дзюдочӣ Расул Боқиев номбурда гуфт, тайи ду соли ахир Расул Боқиев дар рейтинги ҷаҳонӣ дар зинаи 19-20-ум қарор дорад ва нишондиҳандаҳои Д.Назаров барои ба даст овардани медали олимпӣ кофӣ нест.

Ёдрас мекунем, ки то имрӯз варзишгарони тоҷик барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 13 роҳхат ба даст оварданд. Инҳо Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов (таэквон-до WTF), Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Мавзуна Чориева (бокс), Расул Боқиев ва Парвиз Собиров (дзюдо), Искандари Рустам, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев (гуштии озод) мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.