Мусоҳибаи Эмомалӣ Раҳмон ба маҷаллаи The European Times

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи эҷодии маҷаллаи The European Times мусоҳибаи хосса анҷом дод. Тавре иттилоъ дода шуд, ин маҷалла бо шумораи беш аз 410 ҳазор адад чоп шуда, асосан ба аъзои Парлумони Иттиҳоди Аврупо, парлумонҳои кишварҳои Аврупо, палатаҳои савдову саноат ва бузургтарин ширкатҳои ин қитъаи ҷаҳон ва муассисаҳои бонуфузи молиявӣ, аз қабили Бонки […]

ASIA-Plus


Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи эҷодии маҷаллаи The European Times мусоҳибаи хосса анҷом дод.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин маҷалла бо шумораи беш аз 410 ҳазор адад чоп шуда, асосан ба аъзои Парлумони Иттиҳоди Аврупо, парлумонҳои кишварҳои Аврупо, палатаҳои савдову саноат ва бузургтарин ширкатҳои ин қитъаи ҷаҳон ва муассисаҳои бонуфузи молиявӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва дигар доираҳои иқтисодию сармоягузорӣ дастрас карда мешавад. Маҷаллаи мазкур, ҳамчунин ба шакли электронӣ дар сомонаи www.european-times.com нашр мегардад. Ҳар шумораи он ба як кишвари алоҳида бахшида шуда, имконоти иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва дигар афзалиятҳои онро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, Эмомалӣ Раҳмон имконоти фарохи ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ бо Тоҷикистон ва захираҳои фаровони табиию башарии кишварро ба онҳо бевосита муаррифӣ намуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодиёт низ барои ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ва ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ «сиёсати дарҳои боз»-ро пеша кардааст.

 Хотиррасон бояд намуд, ки гурӯҳи эҷодии маҷаллаи The European Times тайи се моҳ бо сохторҳои гуногуни давлатию хусусӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, аз тамоми минтақаҳои кишвар барои як шумораи ин нашрия маводи зарурӣ гирдоварӣ менамояд. Дар ин шумора натанҳо имконоти иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, захираҳои фаровони табиӣ, балки зебоиҳои табиати биҳиштосо ва фарҳанги пурғановати Тоҷикистон инъикос хоҳад ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.