Дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ таҳти сарварии раиси Кумита оид ба масоили аграрӣ ва экология Саиди Ёқубзод гурӯҳи корӣ барои таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, ин масъала ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки имрӯз таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳров доир гардид, ворид гардида буд.
Дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин масоили ворид намудани тағйироту илова ба Кодексҳои ҷиноӣ ва шаҳрвандӣ, Қонуни ҶТ «Дар бораи байторӣ» ва ҳамчунин лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшудаи «Дар бораи фаъолияти тиҷорати хориҷӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тамоми масоили аз ҷониби Шӯро баррасишуда ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки санаи 30-юми май доир мегардад, ворид карда шуданд.


