Ҳалокати корманди парлумон дар садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт роҳбари бахши муҳосиботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Рафоат Чӯпоноваи 33-сола ба ҳалокат расид. Ин ҳодисаи фоҷеабор нимаи имрӯз дар маркази шаҳри Душанбе, назди бинои шабакаи телевизиони «Сафина» рух дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати БДА-и пойтахт хабар дод, Р.Чӯпонова зимни убури қисмати роҳгузар барои пиёдагардон зери мошини […]

Аваз Юлдошев


Бар асари садамаи нақлиёт роҳбари бахши муҳосиботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Рафоат Чӯпоноваи 33-сола ба ҳалокат расид.

Ин ҳодисаи фоҷеабор нимаи имрӯз дар маркази шаҳри Душанбе, назди бинои шабакаи телевизиони «Сафина» рух дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати БДА-и пойтахт хабар дод, Р.Чӯпонова зимни убури қисмати роҳгузар барои пиёдагардон зери мошини тамғаи BMW-и сокини 24-солаи пойтахт Х.А.мондааст. «Автомашинаи мазкур бо суръати баланд занро пахш кардааст», – гуфт манбаъ ва илова кард, ки нисбат ба ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд.

Дар ҳамин ҳол, аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷасади Р.Чӯпонова ба зодгоҳаш – ноҳияи Ҳамадонӣ фиристода шуда, дар он ҷо ба хок супурда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.