Дархости ҳукумат аз парлумон бобати тасҳеҳот дар буҷети давлатӣ

Date:


Ҳукумати Тоҷикистон ба унвони палатаи поёнии парлумони кишвар тасҳеҳоти навбатӣ ба Қонун «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2012»-ро ирсол кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» узви Кумитаи палатаи поёнии парлумон оид ба молия ва буҷет Исмоил Талбаков хабар дод, мутобиқи тасҳеҳоти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда, аз андоз аз арзиши изофа (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод кардани Вазорати мудофиа ва Гвардияи миллӣ зимни ба Тоҷикистон ворид кардани як миқдор аслиҳаву муҳимот, қисмҳои эҳтиётӣ барои нақлиёти автомобилӣ ва чархболҳо пешбинӣ мегардад.

Ба гуфтаи вакил, ҳукумати ҷумҳурӣ аз парлумон ҳамчунин дархост кардааст, ки воридоти ду дастгоҳи томографии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ низ аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд.

«Ғайр аз ин, дархост карда мешавад, ки воридоти 1 млн. телефонҳои хонагӣ ба ҷумҳурӣ, ки дар манзилҳои қишри камбизоати аҳолӣ насб карда мешаванд, низ аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, вакил зикр кард, ки ҳоло мушаххасан маълум нест, ки аз ин тасҳеҳот ба буҷети давлатӣ чӣ қадар маблағ ворид намешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...