Нимаи дуюми рӯзи гузашта дар Тоҷикистон ду нафар шаҳрвандони Ҳолландия мавриди ғорат қарор гирифтанд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, шахсони номаълум дар километри 40-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд, дар мавзеи Ҳушёрӣ бо роҳи зӯроварӣ сайёҳон, шаҳрвандони кишвари Ҳолландия Ш. Мартин ва ҳамсафари ӯро мавриди ғорат қарор дода, аз онҳо 800 доллар, 120 сомонӣ, як адад дастгоҳи аккосӣ, як адад «Ноутбук», телефони мобилии тамғаи «Нокия» ва 5 адад кортҳои пластикиашонро тасарруф мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич оид ба муайян ва дастгир намудани ашхоси ҷиноятпеша гурӯҳи махсуси тафтишотӣ-фаврӣ созмон дода шуда, рафти тафтиши ин ҷиноят таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.
Шаҳрвандоне, ки дар ошкору дастгир кардани ҷинояткорон кӯмак мекунанд, аз ҷониби роҳбарияти Вазорат қадршиносӣ карда мешаванд.


