Сабукдӯшии мансабдорони мақомоти раҳбарии Суди олии иқтисодӣ

Date:


Нимаи дуюми имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар ҷаласа пешниҳоди президент дар бораи аз мансаб сабукдӯш кардани раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Амрихоҷа Ғоибназаров, муовини аввали ӯ Абдуҳофиз Ашӯров ва муовини аввали раиси Суди олии ҷумҳурӣ Анварҷон Юсуфов баррасӣ мешавад.

Бо пешниҳоди президент дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин масъалаи таъини Наим Мансуров ба мансаби раиси Суди олии иқтисодии Тоҷикистон низ мавриди ҳаллу фасл қарор мегирад. Наим Мансуров қаблан дар низоми Суди олии ҷумҳурӣ кор мекард. Аз ҷониби сарвари давлат ба вазифаи муовини аввали ӯ таъин кардани Абдухолиқ Қодиров тавсия шудааст, ки қаблан вазифаи муовини вазири адлияро бар дӯш дошт.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи чоршанбе таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шӯрои палата баргузор шуда, дар он рӯзномаи иҷлосияи палатаи болоии парлумон тасдиқ шуд.

Ба ин тартиб, бо қарори Шӯро ба баррасии иҷлосияи навбатии палатаи болоии парлумони кишвар беш аз 55 масъала пешниҳод шудааст. Баррасии 7 қонунҳои қаблан аз ҷониби Маҷлиси намояндагон дастгиришуда, аз қабили Қонунҳои ҶТ «Дар бораи амнияти нақлиётӣ», «Дар бораи осорхонаҳо ва фондҳои осорхонавӣ», «Дар бораи криптография», «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ» аз ҷумлаи масоиле мебошанд, ки дар ҷаласаи ММ МО ҶТ мавриди таҳлил ва тасдиқу баррасӣ қарор мегиранд.

Ғайр аз ин, аъзои палатаи болоии парлумон масоили марбут ба тағйири хатти сарҳади ноҳияи Данғара, ивази номгузории чанде аз деҳот ва ҷамоатҳои ноҳияҳои Ванҷ, Ҷомӣ ва Мӯъминободро низ баррасӣ хоҳанд кард.

2 КОММЕНТАРИИ

  1. Криптография

    Критография як тарзи навиштан ё нигориши хат бо рамзу код ва аломатхои махсусест, ки танхо барои дорои калиди ифшои ин рамзхо фахмо аст.

Leave a Reply to Фируз Отменить ответ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...