Барқияи таъзияи Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Арабистони Саудӣ

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз оли Сауд бо сабаби вафоти Валиаҳд – Муовини раиси Шӯрои вазирон, Вазири корҳои дохилии мамлакат Амир Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд барқияи таъзия ва тасаллият фиристод. Рӯзи шанбе ҳукуматдорони Арабистони Саудӣ дар бораи даргузашти валиаҳди шоҳигарӣ Амир Ноиф ибни Абдулазиз оли […]

ASIA-Plus


Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло ибни Абдулазиз оли Сауд бо сабаби вафоти Валиаҳд – Муовини раиси Шӯрои вазирон, Вазири корҳои дохилии мамлакат Амир Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд барқияи таъзия ва тасаллият фиристод.

Рӯзи шанбе ҳукуматдорони Арабистони Саудӣ дар бораи даргузашти валиаҳди шоҳигарӣ Амир Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд хабар доданд. Бино ба маълумоти шабакаи телевизионии «Ал-Арабия» валиаҳд дар сини 78-солагӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико , ки моҳи марти соли равон барои муоинаи тиббӣ омада буд, аз олам даргузаштааст.

Моҳи октябри соли 2011 шоҳзода пас аз вафоти бародари бузургаш Сулотон валиаҳди тахти шоҳӣ гардида буд. То ин замон Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд ба вазорати умури дохилии шоҳигарӣ роҳбарӣ карда ҳамчунин ба ҳайси муовини дуюми нахуствазири Арабистони Саудӣ ифоаи вазифа мекард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.