Нақшаи коҳиши ҳаҷми кӯмакпулиҳои вакилони парлумон

Date:


Ҳукумати ҷумҳурӣ ба палатаи поёнии парлумон ҷиҳати баррасӣ лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонун «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пешниҳод кард, ки дар он коҳиши ҳаҷми кӯмакпулиҳо ба вакилони парлумон зимни ба нафақа баромадан ва маъюбӣ пешбинӣ шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, айни замон зимни ба нафақа баромадан ё маъюби гурӯҳи якум  шудан вакилони парлумон ба гирифтани кӯмакпулии якдафъаина дар ҳаҷми музди меҳнати ҳаштсола ҳуқуқ доранд.

«Пас аз қабули тағйироту илова ҳаҷми кӯмакпулиҳо барои вакилоне,, ки ба нафақа мебароянд ё маъюб мешаванд, аз ҷониби ҳукумати муқаррар карда мешавад», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, пас аз қабули тағйироту илова ҳаҷми кӯмакпулиҳо ба вакилон дар ҳолатҳои зикршуда нисбат ба нишондиҳандаи феъӣ ба таври назаррас коҳиш ёфта, ин тадбир баҳри сарфаи воситаҳои буҷетӣ равона гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки айни замон ҳаҷми музди меҳнати моҳонаи вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 4 ҳазору 950 сомониро ташкил медиҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...