Сардори БДА-и Ваҳдат барои садамаи марговар аз мансаб сабукдӯш шуд

Бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов сардори бахши Бозрасии давлатии автомобили шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат Хокиро Сӯфиев аз мансаб сабукдӯш гардид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, шоми рӯзи 16-уми июн зимни ҳаракат дар кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоеви пойтахт ба самти хиёбони Шерозӣ бо автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Хокиро Сӯфиев […]

ASIA-Plus


Бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов сардори бахши Бозрасии давлатии автомобили шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат Хокиро Сӯфиев аз мансаб сабукдӯш гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, шоми рӯзи 16-уми июн зимни ҳаракат дар кӯчаи ба номи Неъмат Қарабоеви пойтахт ба самти хиёбони Шерозӣ бо автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Хокиро Сӯфиев аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» бармехӯрад.

«Бар асари ин садама ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» Сироҷиддин Солеҳови 48-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расид», – гуфта мешавад дар иттилои ВКД.

Бино ба иттилои манбаъ, бо фармони вазири корҳои дохилӣ Сӯфиев аз мансаб сабукдӯш ва аз сафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хориҷ карда шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.