Натиҷагирӣ аз иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парлумон

Имрӯз раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров аз фаъолияти иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум натиҷагирӣ кард. Зимни суханронӣ назди вакилон ӯ иброз дошт, ки аз моҳи октябри соли 2011 то моҳи июни соли 2012 27 ҷаласаи иҷлосияи сеюми маҷлиси намяондагон доир гардиданд, ки дар онҳо 140 қонунҳо қабул шуданд. Дар […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров аз фаъолияти иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум натиҷагирӣ кард.

Зимни суханронӣ назди вакилон ӯ иброз дошт, ки аз моҳи октябри соли 2011 то моҳи июни соли 2012 27 ҷаласаи иҷлосияи сеюми маҷлиси намяондагон доир гардиданд, ки дар онҳо 140 қонунҳо қабул шуданд. Дар 39 ҷаласаҳои Шӯрои палатаи поёнии парлумони кишвар 571 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар идома Шукурҷон Зуҳуров ибрози боварӣ намуд, ки қонун ва асноди меъёрӣ, созишномаҳо ва қарорҳои аз ҷониби парлумон қабулшуда ба рушди иқтисод, бахши иҷтимоии ҷумҳурӣ ва ҳамчунин таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат мекунанд.

Пас аз суханронии Шукурҷон Зуҳуров кори иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум пӯшида эълон гардида, вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар ба таътили тобистона мебароянд.

Мутобиқи муқаррароти регламенти Маҷлиси намояндагон, рухсатиҳои меҳнатии вакилони мардумии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ аз 1-уми июл оғоз гардида, то нимаи моҳи август идома меёбанд. Сипас вакилони мардумӣ бо интихобкунандагони худ вохӯрда, ҳамчунин дар кумита ва комиссияҳои парлумон машғули кор хоҳанд шуд.

Дар назар аст, ки иҷлосияи 4-уми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аввали моҳи октябр оғоз мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.