Чанде қабл мулоқоти нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов бо вазири рушди байналмилалии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Эндрю Митчелл баргузор шуд.
Тавре аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
О.Оқилов ба ҳукумати Британияи Кабир барои саҳм гузоштан дар рушди иқтисод ва беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардуми тоҷик изҳори миннатдорӣ кард. «Барои густариши доираи ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар тамоми асноди зарурӣ таҳия ва ба имзо расидаанд», – таъкид сохт нахуствазири Тоҷикистон.
Дар ҷараёни мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд минбаъд бештар тавсеа хоҳанд ёфт.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 1-уми июл вазири рушди байналмилалии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Эндрю Митчелл бо сафари кории якрӯза ба Тоҷикистон ташриф овард.
Нимаи аввали рӯз Э.Митчелл ҳамчунин бо роҳбарияти Кумитаи андоз ва бо муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон гуфтушунид анҷом дод. Дар нимаи дуюми рӯз вазири Британияи Кабир аз Вилояти Хатлон (ноҳияи Вахш) боздид ба амал оварда, бо ҷараёни иҷрои лоиҳаҳое, ки Ҳукумати Британияи Кабир маблағгузорӣ мекунад, шинос шуд.


