Сафари ҳайати ҲНИТ ба Бадахшон

Як ҳайати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини раиси ҳизб Маҳмадалии Ҳайит пагоҳ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар мекунад. Тавре ба ОИ «Аия-Плюс» Маҳмадалии Ҳайит хабар дод, дар ҷараёни сафар ҳайати ҳизб бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ аз наздик ошно гардида, бо аъзоёни ҲНИТ ва намояндагони дигар қишрҳои аҳолӣ вохӯриҳо доир менамояд. Дар […]

Аваз Юлдошев


Як ҳайати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини раиси ҳизб Маҳмадалии Ҳайит пагоҳ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар мекунад.

Тавре ба ОИ «Аия-Плюс» Маҳмадалии Ҳайит хабар дод, дар ҷараёни сафар ҳайати ҳизб бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ аз наздик ошно гардида, бо аъзоёни ҲНИТ ва намояндагони дигар қишрҳои аҳолӣ вохӯриҳо доир менамояд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти муовини раиси ҳизб, дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Хоруғ роҳбари бахши ҲНИТ дар Хоруғ Шерик Карамхудоев беному нишон шудааст. «То имрӯз мо дар бораи тақдир ё макони будубоши узви фаъоли ҲНИТ дар ВМКБ ҳеҷ маълумоте дар даст надорем», – зикр кард М.Ҳайит.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвони прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода мактуб ирсол карда, дар он боз кардани парвандаи ҷиноӣ дар робита ба қатли роҳбари бахши ҳизб дар ВМКБ Сабзалӣ Мамадризоевро тақозо намуд.

Дар мактуби расмии раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ зикр мегардад, ки Сабзалӣ Мамадризоев дар қаламрави қисми низомии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар Хоруғ ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.