М.Кабирӣ мавқеаш нисбати рӯйдодҳои Хоруғро ба сафирони аврупоӣ баён кард

Охири ҳафтаи гузашта бо ташаббуси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон вохӯрии Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо сафирон ва намояндагони сафоратҳои Аврупо дар кишварамон баргузор гашт. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲНИТ, сафирони аврупоӣ ҳадаф аз ин вохӯриро шиносоии бештар ба вазъи минтақа ва кишвар, бахусус, дар пасманзари ҳодисаҳои Бадахшон унвон карданд. Инчунин, […]

Аваз Юлдошев


Охири ҳафтаи гузашта бо ташаббуси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон вохӯрии Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо сафирон ва намояндагони сафоратҳои Аврупо дар кишварамон баргузор гашт.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲНИТ, сафирони аврупоӣ ҳадаф аз ин вохӯриро шиносоии бештар ба вазъи минтақа ва кишвар, бахусус, дар пасманзари ҳодисаҳои Бадахшон унвон карданд. Инчунин, огоҳӣ аз мавқеъи ҲНИТ ва ба роҳбарияти он расонидани мавқеъи кишварҳои аврупоӣ аз ҳадафҳои аслии ин дидор гуфта шуд.

Роҳбари ҲНИТ вазъи кишвар, ба хусус, Бадахшонро душвор, вале рӯ ба эътидол номида, изҳор кард, ки ворид намудани нирӯи зиёд ва он ҳам артиш, печидагиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқиро ба миён овард ва боиси ташаннуҷи бештари вазъ гашт.

М.Кабирӣ гуфт, ҲНИТ ҷонибдори волоияти қонун дар саросари кишвар мебошад, «вале волоияти қонунро мебояд танҳо бо василаҳои қонунӣ ва мантиқӣ таъмин кард, амалҳои берун аз чорчуби қонун натиҷаҳои баръакс хоҳад дод».

«Нерӯ танҳо он вақт бояд истифода шавад, ки василаҳои дигар, мисли муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ натиҷа надода бошанд. Дар он сурат ҳам, истифодаи нерӯ бояд мутавозин бо қазия бошад, на бештар аз он», – муътақид аст раиси ҲНИТ.

Ба андешаи ӯ, камбуди шафофият дар тасмимҳо ва раванди ҳодисаҳо боиси зери суол рафтани дурустии амалҳо гашта, боиси дар ҷомеа пайдо шудани сарусадоҳо ва овозаҳо гуногун гардидааст».

«Ба таври ваҳшиёна куштани раиси шӯъбаи вилоятии ҲНИТ дар Бадахшон, Сабзалӣ Мамадризоев моро хеле нигарон кардааст ва мо интизори натиҷаҳои тафтишот дар қазияи куштори Мамадризоев хоҳем монд», – афзуд М. Кабирӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.