Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА дар Вашингтон

Ахири ҳафтаи гузашта дар Вашингтон мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нуриддин Шамсов бо ёвари котиби давлатии ИМА оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо маводди мухаддир ва ҳифзи ҳуқуқ Уиллям Браунфилд барпо гардид. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар мулоқот дипломати тоҷик қайд намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба мубориза […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта дар Вашингтон мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нуриддин Шамсов бо ёвари котиби давлатии ИМА оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо маводди мухаддир ва ҳифзи ҳуқуқ Уиллям Браунфилд барпо гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар мулоқот дипломати тоҷик қайд намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба мубориза бар зидди маводди мухаддир бо дарназардошти хатари он ба ҷамъият ва амнияти кишвар тавваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд ва бо ин мақсад бо кишварҳои дӯст, аз он ҷумла ИМА ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории самарабахшро ба роҳ мондааст. Ӯ вазъи имрӯзаи ҳамкории дуҷонибаро дар ин соҳа қаноатбахш арзёбӣ намуд ва таъкид кард, ки ҳарду ҷониб тавон ва имкониятҳои бештарро барои рушди он доранд.

Уилям Браунфилд дар навбати худ таъкид кард, ки имрӯз ИМА ҳамкориашро бо Тоҷикистон дар самти таҳкими амнияти сарҳадӣ бо Афғонистон ва мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир идома медиҳад. Ӯ таъкид намуд, ки саҳми Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқи маводди мухаддир назаррас аст.

Дипломати амрикоӣ илова намуд, ки ҷиҳати вусъати минбаъдаи ҳамкории самарабахши дуҷониба ҷониби америкоӣ дар доираи фаъолияти барномаҳои худ кӯмакашро ба Тоҷикистон афзоиш медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.