Намояндаи Тоҷикистон ба дабири кулли САҲА эътимоднома супурд

Чанде қабл намояндаи тозатаъини доимии Тоҷикистон дар назди Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена Исматулло Насриддинов ба дабири кулли САҲА ҷаноби Ламберто Заннер эътимоднома супурд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот, ки баъди супоридани эътимоднома баргузор гардид, масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону САҲА баррасӣ шуданд. Ба […]

ASIA-Plus


Чанде қабл намояндаи тозатаъини доимии Тоҷикистон дар назди Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена Исматулло Насриддинов ба дабири кулли САҲА ҷаноби Ламберто Заннер эътимоднома супурд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот, ки баъди супоридани эътимоднома баргузор гардид, масоили рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону САҲА баррасӣ шуданд. Ба амалисозии лоиҳаҳои муҳим дар бахшҳои идентификатсия ва таъмини амнияти шиноснома аз ҷониби Тоҷикистон изҳори қанаотмандӣ карда шуд.

Худи ҳамон рӯз дар Вена вохӯрии И.Насриддинов бо котиби иҷрокунандаи Комиссияи тадорукотии Созмони паймони манъи озмоиши силоҳи ядроӣ ҷаноби Тибор Тот ҷиҳати супоридани эътимоднома баргузор гардид.

Баъди қабули эътимоднома ҷаноби ТиборТот аз муносибатҳои Тоҷикистон бо Созмони паймони манъи озмоиши силоҳи ядроӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ Тибор Тот қайд намуд, ки созмон ҳар сол давраҳои гуногуни омӯзиширо дар соҳаи истифодаи нерӯи атомӣ баргузор менамояд, ва аз ин лиҳоз пешниҳод намуд, то ҷониби Тоҷикистон мутахассисони худро аз Академияи илмҳо ва дигар сохторҳои илмию тадқиқотӣ ҷиҳати иштирок сафарбар намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.