Хуҷанд: Оғози мурофиаи додгоҳии даъвои Тӯраҷонзода

Дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд мурофиаи пешакии додгоҳӣ оид ба баррасии даъвои рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода оғоз гардид. Раиси мурофиаи додгоҳӣ ва ҳамзамон раиси додгоҳи шаҳри Хуҷанд Матлуба Ҳабибуллоева ба ҳузури хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар мурофиа бо баҳонаи «ҳоло мурофиаи пешакӣ буданаш» иҷозат надода, вале Файзинисо Воҳидова, ҳимоятгари Тӯраҷонзода мегӯяд, бо вуҷуди мурофиаи пешакӣ будан […]

Мавлуда Рафиева


Дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд мурофиаи пешакии додгоҳӣ оид ба баррасии даъвои рӯҳонии маъруф Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода оғоз гардид.

Раиси мурофиаи додгоҳӣ ва ҳамзамон раиси додгоҳи шаҳри Хуҷанд Матлуба Ҳабибуллоева ба ҳузури хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар мурофиа бо баҳонаи «ҳоло мурофиаи пешакӣ буданаш» иҷозат надода, вале Файзинисо Воҳидова, ҳимоятгари Тӯраҷонзода мегӯяд, бо вуҷуди мурофиаи пешакӣ будан ҳам, бояд ба иштироки журналистон монеъа эҷод нагардад.

Ба қавли Воҳидова, ҷониби даъвогар оид ба даъвои Тӯраҷонзода дар бораи ҳифзи обурӯву мартаба ва шаъну эътибор раиси Шӯрои уламои вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, саримомхатиби масҷиди шаҳри Исфара Ҳоҷӣ Насрулло Азизов, саримомхатиби масҷиди шаҳри Конибодом Ҳоҷӣ Мақсудҷон Ӯрунов ва журналисти телевизиони вилоят Тоҳир Искандарӣ мебошанд.

«Саримомхатиби масҷиди шаҳри Исфара бинобар сабаби дар шаҳри Душанбе қарор доштанаш ба мурофиа ҳозир нашуд», – гуфт ҳимоятгар.

Воҳидова ҳамчунин гуфт, додрас ба ҷонибҳо нусхаи аризаи даъвогиро супурда, барои муайян кардани дар гуфтаҳои ба унвони Тӯраҷонзода ҷой доштани тӯҳмат ва таҳқир аз ҷониби ҷавобгарон, ташхиси забонӣ (лингистӣ) таъин намуд. «То анҷоми баргузории ин ташхис баррасии парванда боздошта шуд», – афзуд ҳимоятгар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.