Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо ёвари котиби давлатии ИМА

Аввали ҳафтаи равон сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нуриддин Шамсов бо ёвари котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк мулоқот барпо намуд. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот Н. Шамсов оид ба масъалаҳои дуҷониба, таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд миёни ҷонибҳо ва пайгирии натиҷаҳои Машварати дуҷонибаи […]

ASIA-Plus


Аввали ҳафтаи равон сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нуриддин Шамсов бо ёвари котиби давлатии ИМА оид ба умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк мулоқот барпо намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар мулоқот Н. Шамсов оид ба масъалаҳои дуҷониба, таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд миёни ҷонибҳо ва пайгирии натиҷаҳои Машварати дуҷонибаи сиёсӣ миёни Тоҷикистону ИМА, ки моҳи майи соли 2012 бо иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар Вашингтон барпо гардид, изҳори назар кард.

Роберт Блейк қайд кард, ки ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои муҳими Осиёи Марказӣ барои Штатҳои Муттаҳида аҳамияти хос дорад. Ёвари Котиби Давлатӣ натиҷаҳои Конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон дарДушанбе (RECCA V)-ро баланд ва саривақт арзёбӣ кард. Ӯ нақши Тоҷикистонро дар минтақа ҳамчун кишвари шарик ва ҷонибдори суботу амният дар Афғонистон муассир номид. Дипломати амрикоӣ оид ба натиҷаҳои сафари охирини худ ба Осиёи Марказӣ ва барпо намудани Машварати дуҷонибаи сиёсӣ бо ӯзбекистон ва Қазоқистон маълумот дод.

Ҷонибҳо оид ба масъалаи ба роҳ мондани ҳамкории самарабахш миёни ду кишвар ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва интиқоли ғайриқонунии маводди мухаддир, таҳкими минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, инчунин мусоидат ба воридшавии кишвар ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, идомаи муколамаи созанда ҷиҳати таъмини ҳуқуқи инсон ва ғайра табодули назар анҷом доданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.