Манъи суҳбати футболбозони дастаи мунтахаб бо ВАО

Дар ҷараёни омодагӣ ба вохӯрии дӯстона бо дастаи Қатар, ки санаи 6-уми сентябр дар шаҳри Мюнхени Олмон доир мегардад, барои футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон реҷаи тартиботи дохилӣ муқаррар шудааст. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, барои риоя накардани реҷаи дохилии аз ҷониби ҳайати мураббиён муқарраршуда, аз ҷумла таъхир ё ҳозир нашудан ба чорабиниҳои […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷараёни омодагӣ ба вохӯрии дӯстона бо дастаи Қатар, ки санаи 6-уми сентябр дар шаҳри Мюнхени Олмон доир мегардад, барои футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон реҷаи тартиботи дохилӣ муқаррар шудааст.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, барои риоя накардани реҷаи дохилии аз ҷониби ҳайати мураббиён муқарраршуда, аз ҷумла таъхир ё ҳозир нашудан ба чорабиниҳои даставӣ (тановули ғизо, тамрин, маҷлис, нишасти хзабарӣ), изҳори норозигӣ бо ҳайати мураббиён, муноқиша миёни футболбозон зимни тамрин ва ғайра узви даста аз ҳайати тими мунтахаб хориҷ карда мешавад.

Ғайр аз ин, футболбози даста бояд ба қоидаҳои Fair-play эҳтиром гузошта, бидуни ҷароҳати вазнин бо баҳонаи ҷароҳат бардоштан дар майдон нахобанд. Пас аз анҷоми вохӯрӣ футболбоз бояд бо доварон ва аъзои дастаи ҳариф дастфишорӣ кунад.

Футболбозони дастаи мунтахаб бояд матни гимни Тоҷикистонро азёд дониста, онро қабл аз оғози бозӣ дар баробари садо додани мусиқии гимн бихонанд. Ва аз ҳама муҳимаш, ба бозигарон суҳбат бо намояндагони ВАО дар майдон, пас аз тамрин, тавассути телефон ё Интернет манъ карда шудааст. Ба суҳбат бо намояндагони ВАО танҳо зимни нишасти хабарӣ иҷозат дода мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио