Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз «Водии силикон»-и Ҳиндустон

Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маркази иёлати Карнатакаи Ҳиндустон – шаҳри Бангалор ташриф оварда, аз чанд корхонаи технологии он дидан кард ва бо Губернатори иёлат Хансраҷ Бҳарваҷ мулоқот намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни боздид аз корхонаҳои истеҳсолии ширкатҳои HAL ва Infosys Technologies Limited, аз ҷумла аён гардид, ки дар […]


Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маркази иёлати Карнатакаи Ҳиндустон – шаҳри Бангалор ташриф оварда, аз чанд корхонаи технологии он дидан кард ва бо Губернатори иёлат Хансраҷ Бҳарваҷ мулоқот намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни боздид аз корхонаҳои истеҳсолии ширкатҳои HAL ва Infosys Technologies Limited, аз ҷумла аён гардид, ки дар воқеъ Бангалор шаҳри дорои тараққиёти хуби иқтисодию техникӣ буда, ба манзури пешрафтҳои босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва навовариҳояш «Водии силикон» ном гирифтааст.

Дар мулоқот бо Губернатори иёлати Карнатака масоили ҳамкории судманди Тоҷикистон бо ин минтақаи рушдкардаи Ҳиндустон баррасӣ шуд.

Ба роҳандозӣ ва рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати мошинсозӣ, истеҳсоли маводи электронӣ, телекоммуникатсионӣ, шоҳибофӣ ва дар соҳаҳои биотехнология, кишоварзӣ, аз ҷумла зироатҳои донагӣ ва ороишӣ, гулпарварӣ ва ашёи хоми шоҳӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Ҷалби васеи соҳибкорони хусусӣ ба густариши ҳамкорӣ ва татбиқи дастовардҳои пешрафтаи илму техника ва технологияҳои муосир матлуб дониста шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.