Баррасии масъалаи тақдири пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Душанбе

Шоми дирӯз як ҳайати Русия таҳти сарварии муовини вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Антонов ба Душанбе ташриф овард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, имрӯз дар Душанбе оид ба ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон гуфтушунидҳо барпо мегарданд. Ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистонро дар гуфтушунид вазири адлияи […]

Аваз Юлдошев


Шоми дирӯз як ҳайати Русия таҳти сарварии муовини вазири мудофиаи ин кишвар Анатолий Антонов ба Душанбе ташриф овард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ дод, имрӯз дар Душанбе оид ба ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон гуфтушунидҳо барпо мегарданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистонро дар гуфтушунид вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Менглиев роҳбарӣ хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки қаблан ОИ «Азия-Плюс» бо истинод ба як манбаъи наздик ба намояндагии дипломатии Русия дар Душанбе хабар дода буд, ки Русия ният дорад, зимни сафари сарвари давлати Русия Владимир Путин ба Душанбе аввалҳои моҳи октябр шартномаи тамдиди муҳлати ҳузури пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро ҳал намояд.

Ба гуфтаи ӯ, ин дафъа Русия ба Тоҷикистон имзои шартнома ба муҳлати 10 солро пешниҳод хоҳад кард.

Аввали моҳи август муовини вазири мудофиаи Русия Анатолий Антонов бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт. Дар робита ба масъалаи ҳузури минбаъдаи пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон Анатолий Антонов изҳор карда буд, ки гуфтушунид дар ин хусус муваффақона ҷараён дошта, ояндаи наздик матни созишнома омода мегардад, ки ба таъмини амнияти Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст.

«Дар масъалаи мувофиқаи санади умумӣ мо ба комёбиҳои назаррас муваффақ шудем, зеро ҳалли ин масъала ба таъмини амнияти ҳам Русияву ҳам Тоҷикистон рабт гирифта, пойгоҳи низомии мо як таркиби зербинои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва суботи минтақавӣ аст», – гуфта буд вай.

Номбурда ҳамчунин иброз дошта буд, ки дар гуфтушунидҳо масъалаи нархи ҳузури пойгоҳи низомӣ матраҳ нашудааст. «Масъалаи пардохти маблағ барои ҳузури пойгоҳи низомӣ на дар мулоқот бо президенту на дар Вазорати мудофиа ва корҳои хориҷӣ умуман баррасӣ нагардид. Гуфтушунид савдо набуда, кӯшиши ҳалли мушкилот бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб мебошад», – таъкид карда буд А.Антонов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.