Амрикоиёни муқими Тоҷикистонро ба ҳушёрӣ даъват карданд

Бинобар сабаби ҳамлаҳо ба сафоратҳои ИМА дар як қатор кишварҳо, намояндагии дипломатии ИМА дар Тоҷикистон аз амрикоиёни муқими ҷумҳурӣ даъват кард, ки ҳушёриро аз даст надиҳанд. «Ҳарчанд хавфи рух додани чунин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон вуҷуд надошта бошад ҳам, ба шаҳрвандони ИМА исроркорона тавсия дода мешавад, ки ҳушёриро аз даст надиҳанд», – таъкид шудааст дар изҳороти […]

Меҳрангез Турсунзода


Бинобар сабаби ҳамлаҳо ба сафоратҳои ИМА дар як қатор кишварҳо, намояндагии дипломатии ИМА дар Тоҷикистон аз амрикоиёни муқими ҷумҳурӣ даъват кард, ки ҳушёриро аз даст надиҳанд.

«Ҳарчанд хавфи рух додани чунин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон вуҷуд надошта бошад ҳам, ба шаҳрвандони ИМА исроркорона тавсия дода мешавад, ки ҳушёриро аз даст надиҳанд», – таъкид шудааст дар изҳороти интишоршуда дар сомонаи сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон.

Ин изҳорот дар робита ба ҳамлаи рӯзҳои 11, 12 ва 13-уми сентябри соли равон ба намояндагиҳои дипломатии ИМА дар Либияву Миср ва Яман садо дод.

Дипломатҳо тавсия медиҳанд, ки тамоми шаҳрвандони амрикоии айни замон муқими Тоҷикистон дар реҷаи он-лайн тавассути смарт-барномаи сабти сайёҳ (STEP) ё шахсан ҳангоми «Хизматгузориҳои соатӣ» (Услуги часов)-и шаҳрвандони ИМА дар шуъбаи консулгарии Душанбе худро ба қайд гузоранд.

Дар изҳорот ҳамчунин аз шаҳрвандони ИМА даъват мешавад, ки аз ҳузур дар макони баргузории намоишҳо ва чорабиниҳои бузург худро канор гиранд.

«Хоҳишмандем, аз тамоми рӯйдодҳои маҳаллӣ, атрофиёнатон ва амнияти шахсии худ ҳамеша огоҳ бошед», – омадааст дар изҳорот.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.