Иштироки нозирони тоҷик дар маъракаи интихоботи парлумони Белорус

Имрӯз намояндагони Тоҷикистон, ки дар мониторинги маъракаи интихоботи палумони Белорус иштирок мекунанд, ба шаҳри Минск раҳсипор гардиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар маъракаи интихоботи парлумони Белорус аъзои КМИР Раҷабалӣ Тағоев ва сармутахассиси КМИР Раҷабмурод Ашӯров ба сифати нозирони байнулмилалӣ дар ҳайати гурӯҳи нозирон аз ИДМ иштирок […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз намояндагони Тоҷикистон, ки дар мониторинги маъракаи интихоботи палумони Белорус иштирок мекунанд, ба шаҳри Минск раҳсипор гардиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар маъракаи интихоботи парлумони Белорус аъзои КМИР Раҷабалӣ Тағоев ва сармутахассиси КМИР Раҷабмурод Ашӯров ба сифати нозирони байнулмилалӣ дар ҳайати гурӯҳи нозирон аз ИДМ иштирок мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 15-уми июли соли равон пешбарии номзадҳо ба маъракаи интихобот ба парлумони Белорус оғоз гардид. Маъракаи интихобот ба Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Белорус, ки дар он аз ҳавзаҳои якмандатӣ 110 нафар вакилон интихоб мешаванд,  23-юми сентябр доир мегардад. Шумораи миёнаи интихобкунандагон дар як ҳавзаи интихоботӣ 64 ҳазору 594 нафарро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.