Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати сенаторони Чехияро таҳти роҳбарии раиси Кумитаи Сенати Чехия оид ба масъалаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқӣ Мирослав Антл ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, М.Убайдуллоев меҳмононро бо сохтори Маҷлиси миллӣ ва фаъолияти он ошно сохта, изҳори боварӣ намуд, ки сафари кории сенаторони чех ба Тоҷикистон ба рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ҳамкории дуҷониба мусоидат хоҳад кард.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот М.Антл таъкид кард, ки ҳадафи асосӣ аз сафар ба Тоҷикистон роҳандозӣ ва таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ миёни кишварҳо аст.
«Ҳамасола равуои сайёҳони Чехия ба Тоҷикистон рӯ ба афзоши буда, тақвияти ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ оимли наздикшавии мардуми кишварҳо хоҳад буд», – гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки дар мулоқот ҳамчунин атрофи вазъи Афғонистон табодули назар сурат гирифта, масъалаи таъсиси гурӯҳи дӯстӣ миёни парлумонҳои кишварҳо матраҳ гардид.


