Зимни суханронӣ дар Театри опера ва балет ба истиқболи ҷашни Рӯзи забони давлатӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки давлат ва ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд.
«Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад», – иброз дошт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон бо зикри супоришҳои иҷрошудаи худ доир ба таҳияи Барномаи рушди забони давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ дар назди сохторҳои масъули давлатӣ вазифаҳои нав гузошт. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки барои нашри Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ маблағи зарурӣ ҷудо карда шавад.
Сарвари давлат дар идомаи суханрониаш изҳор кард, ки пас аз қабули Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» санаи 5-уми октябри соли 2009, барои мавриди амал қарор додани меъёру талаботи он ба 11 қонунҳои ҷумҳурӣ тағйироту илова ворид гардид.
Дар ин робита ӯ аз мансабдорони давлатӣ даъват ба амал овард, ки дар масъалаи ҳифзу омӯзиш ва эҳтиром гузоштан ба забони давлатӣ ҳисси баланди масъулиятнокӣ зоҳир созанд.


