Омори ҳодисаҳои худкушӣ дар Суғд ташвишовар боқӣ мемонад

Омори ҳодисаҳои худкушӣ дар вилояти Суғд нигаронкунанда боқӣ мемонад: дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳодисаҳои худкушӣ дар соли равон 134 ҳолат афзудаанд. Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 9 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 222 ҳодисаи худкушӣ, аз ҷумла 73 ҳодисаи кӯшиши худкушӣ […]


Омори ҳодисаҳои худкушӣ дар вилояти Суғд нигаронкунанда боқӣ мемонад: дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳодисаҳои худкушӣ дар соли равон 134 ҳолат афзудаанд.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар зарфи 9 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 222 ҳодисаи худкушӣ, аз ҷумла 73 ҳодисаи кӯшиши худкушӣ сабт шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 188 ҳодиса баробар буд.

Соли равон 118 нафар мардон (14 писари ноболиғ) ва 104 нафар занон (26 духтари ноболиғ) қасди худкушӣ кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, 52 нафар сокини вилоят бинобар сабаби беморӣ, 37 нафар дар натиҷаи ҷанҷоли оилавӣ ва 6 нафар бар асари вазъи душвори молиявӣ даст ба худкушӣ зада, боз 127 нафари дигар бо сабабҳои дигар ба ин амал рӯ овардаанд.

Аз ин миқдор 149 нафар тавассути худро ба дор овехтан, 40 нафар бо роҳи заҳролудшавӣ, 6 нафар тариқи худсузӣ, 12 нафар ба воситаи буридани рагҳо ба ин амал даст зада, 11 нафар худро ғарқ кардаанд.  

Соли равон дар вилоят нисбати 10 нафар (соли 2011 -15 нафар) барои то ба худкушӣ оварда расонидан парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд.

Ҳодисаи ахири худкушӣ аввали ҳафтаи равон рух дод. Тахминан соатҳи ёздаҳи шаб сокини ҷамоати Далёни Болои ноҳияи Ғончӣ, як зани 29-сола дар оғили хонааш худро ба дор овехтааст. Мақомоти прокуратура сабаби ба ин амал даст задани ҷавонзанро таҳқиқ мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.