Нигаронии ИА аз барҳам додани АҲҶ «Ампаро»

Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз барҳам дода шудани Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» бо қарори суди шаҳри Хуҷанд изҳори нигаронӣ менамояд. Дар изҳороти интишорнамудаи намояндагӣ зикр мегардад, ки намояндагии ИА мӯътақид аст, ки мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандии мустаҳкам ва мустақил пурра бар манфиати Тоҷикистон хидмат мекунад. «Мо комилан мутмаинем, ки барҳам додани созмони ғайридавлатии «Ампаро» метавонад ба рушди […]

ASIA-Plus


Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз барҳам дода шудани Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» бо қарори суди шаҳри Хуҷанд изҳори нигаронӣ менамояд.

Дар изҳороти интишорнамудаи намояндагӣ зикр мегардад, ки намояндагии ИА мӯътақид аст, ки мавҷудияти ҷомеаи шаҳрвандии мустаҳкам ва мустақил пурра бар манфиати Тоҷикистон хидмат мекунад.

«Мо комилан мутмаинем, ки барҳам додани созмони ғайридавлатии «Ампаро» метавонад ба рушди минбаъдаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад», – омадааст дар изҳорот.

Дар идомаи изҳорот гуфта мешавад, намояндагии ИА ба мақомоти ваколатдори ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат мекунад, то ки қарори худро бозбинӣ намуда, мувофиқи ӯҳдадориҳои бар дӯшгирифтаи Тоҷикистон роҷеъ ба мусоидати озодии иттиҳодияҳо иҷозатномаи фаъолияти созмони «Ампаро»-ро аз нав барқарор намоянд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24-уми октябри соли равон суди шаҳри Хуҷанд дар бораи барҳам додани Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» қарор содир намуд. Раиси ташкилоти «Ампаро» Дилрабо Самадова зикр кард, ки ба адолатнокӣ ва мустақилияти низоми судӣ умедвор буд. «Мутаассифона, мо имрӯз ҳам ба вобаста будани низоми судӣ шоҳид гардидем. Вале мо таслим шуданӣ нестем ва фаъолиятамон дар соҳаи ҳимоят аз ҳуқуқро қатъ карданӣ нестем», – изҳор дошт номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.