Парвандаи қатли хеши президент махфӣ шуд

Парвандаи ҷиноӣ оид ба марги хеши президенти Тоҷикистон, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафарови 57-сола «махфӣ» эълон шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Шӯҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои Диловаршо Қосимов, гумонбар ба ин куштор хабар дод. «Аз ҷониби Прокуратураи генералӣ ин парванда рӯзи 26-уми ноябр «махфӣ» эълон шуд. Аз эҳтимол дур нест, […]

ASIA-Plus


Парвандаи ҷиноӣ оид ба марги хеши президенти Тоҷикистон, директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор» Холмӯъмин Сафарови 57-сола «махфӣ» эълон шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Шӯҳрат Қудратов, яке аз адвокатҳои Диловаршо Қосимов, гумонбар ба ин куштор хабар дод.

«Аз ҷониби Прокуратураи генералӣ ин парванда рӯзи 26-уми ноябр «махфӣ» эълон шуд. Аз эҳтимол дур нест, ки ҳангоми тафтишот маводе ошкор шудааанд, ки ба сирри давлатӣ мансубанд», – изҳор дошт адвокат ва таъкид намуд, ки Прокуратураи генералӣ аз адвокатҳои айбдоршаванда доир ба ифшо накардани маводи парванда баёнот гирифтааст.

Ба қавли адвокат, ахири моҳи ноябр ба зерҳимояи ӯ бар иловаи ду моддаи «одамкушӣ» ва «ғайриқонунӣ нигоҳдории аслиҳа» айбномаи нави серзанӣ пешниҳод кардаанд.

«Дар ҳамин ҳол, ба ман ҳамчун ҳимоятгар бар хилофи моддаи 53-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии кишвар ба дидори танҳо ба танҳо бо Қосимов иҷозат намедиҳанд. Наздиконаш бори охир моҳи ноябр бо ӯ дидор карданд. Қосимов то ҳол дар тавқифгоҳи муваққатии КДАМ нигоҳдорӣ мешавад», – гуфт ӯ.

Қудратов ҳамчунин иброз дошт, ки муҳлати будубоши зерҳимояи ӯ дар тавқифгоҳ то 13-уми январи соли 2013 дароз карда шудааст.

Дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ бо такя ба сирри тафтишот аз шарҳу тавзеҳи ин масъала худдорӣ варзиданд.

Ёдрас мекунем, ки шавҳари хоҳари президенти Тоҷикистон – директори КВД «Хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафарови 57-сола рӯзи 13-уми июни соли равон каме дуртар аз манзили зисташ бо истифода аз силоҳи оташфишон ба қатл расонида шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.