Баррасии қонун «Дар бораи тайёрии варзишӣ» дар Шӯрои парлумон

Date:


Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» имрӯз дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, баррасӣ шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумон, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Марҳабо Ҷабборова, ки лоиҳаи қонуни мазкурро муаррифӣ мекард, изҳор дошт, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди оммавӣ намудани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таҳия шудааст. Ҳамчунин он ба таҳкими саломатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи қобилияти ҷисмонии шаҳрвандон равона гардида, барои ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Ба иттиллои манбаъ, аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар ҷаласаи навбатии худ лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масоили рӯзномаро низ баррасӣ намуданд.

Зимнан зикр гардид, ки тамоми масоили матраҳшуда ба баррасии ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум пешниҳод шуданд.

Дар анҷоми ҷаласаи Шӯро Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Назира Fаффорова, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Амир Катаев, Хайринисо Юсуфӣ, Амирқул Азимов, вакилони Маҷлиси намояндагон Сабоҳат Муқумова, Рустам Латипов, Насрулло Маҳмудов ва Лутфулло Саидмуродов медалҳои ҷашнии «20 – солагии Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва ифтихорномаҳои фахрии Ассамблеяи мазкурро тақдим намуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...