Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум ба вакилон баррасии се лоиҳаи нави қонунҳо пешниҳод шудаанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, намояндагони мардуми лоиҳаи қонунҳои аз ҷониби гурӯҳи вакилон таҳияшуда «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи тайёрии варзишӣ» ва лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»-ро баррасӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз вакилон ҳамчунин тағйироту илова ба қонун «Дар бораи милитсия» ва Кодекси ҶТ «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ»-ро низ муҳокима мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, ба андешаи раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва тандурустии МН МО ҶТ Хайринисо Юсуфӣ, ки яке аз муаллифони қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аст, ин қонун бо назардошти ҷараёни амалисозии сиёсати давлатӣ дар бахши рафъи зуҳуроти зӯроварӣ дар оила таҳия шудааст.


