Имрӯз зимни шарҳи лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ба вакилони палатаи поёнии парлумон, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматҷон Бӯриев изҳор намуд, ки ин қонун дар масъалаи нархгузории одилона дар бахши савдо ва хизматгузорӣ метавонад нақши муҳим дошта бошад.
Ба қавли вай, қонуни мазкур бо супориши сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳукумат таҳия гардида, ҳимояи манфиатҳои истеъмолгарон аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии он маҳсуб меёбад, зеро тамоми шаҳрвандони кишвар ҳамарӯза ба муассисаҳои савдову хизматгузории маишӣ муроҷиат мекунанд.
«Дар қонун ҳамчунин риояи меъёрҳои бехатарӣ ва таъмини шароитҳои санитарӣ дар фурӯшгоҳҳову нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ пешбинӣ шудаанд», – гуфт ӯ.
Ба андешаи вакили парлумон Шарофиддин Сироҷев, лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ қароргирифта ба масъалаи дахолати беасоси мақомоти давлатӣ ба бахши савдо ва хизматгузории маишӣ хотима мебахшад.
Вакилони палатаи поёнии парлумон лоиҳаи қонуни мазкурро бидуни баррасӣ якдилона маъқул шумориданд.


