З.Азизов: Нисбати шиканҷа судҳо бояд чораҳои пурсамар андешанд

Зимни мусоҳиба бо хабарнигорон раиси Шӯрои адлияи ҶТ Зафар Азизов изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон ва собиқ кишварҳои шӯравӣ масъалаи истифодаи шиканҷа мушкилоти доғи рӯз аст, аммо эътироф бояд кард, ки ҷиҳати аз байн бурдани он аз ҷониби давлат тадбирҳо андешида мешаванд. Ӯ хотиррасон намуд, ки моҳи апрели соли гузашта ба Кодекси ҷиноии ҶТ моддаи […]

Наргис Ҳамробоева


Зимни мусоҳиба бо хабарнигорон раиси Шӯрои адлияи ҶТ Зафар Азизов изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон ва собиқ кишварҳои шӯравӣ масъалаи истифодаи шиканҷа мушкилоти доғи рӯз аст, аммо эътироф бояд кард, ки ҷиҳати аз байн бурдани он аз ҷониби давлат тадбирҳо андешида мешаванд.

Ӯ хотиррасон намуд, ки моҳи апрели соли гузашта ба Кодекси ҷиноии ҶТ моддаи нави «Шиканҷа» ворид гардида, аллакай ду нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мувофиқи он маҳкум шуданд.

«Ин ҳодисаҳо аксаран дар марҳилаи барвақти боздошт ё марҳилаи оғози парвандаи ҷиноӣ ба вуқӯъ пайваста, ҷабрдидагон на ҳамеша саривақт аз шиканҷа хабар медиҳанд, ки ин ба исботи далелҳо дар мурофиаи судӣ мушкил эҷод месоазд», – иброз дошт вай.

Ба андешаи номбурда, агар дар суд далели истифодаи шиканҷа исбот шавад, ҳатман мувофиқи он қарори дахлдор қабул мегардад. «Парвандаҳои ҷиноӣ оид ба шиканҷаи аз ҷониби судҳои шаҳри Душанбе баррасишуда ба тафтишоти дубора баргардонида шуданд, зеро суд аз хулосаи мақомоти тафтишоти пешакӣ нисбати айбдоршавандагон қаноатманд набуд», – зикр кард Азизов.

Раиси Шӯрои адлияи ҶТ таъкид кард, ки айни замон аз ҷониби коршиносони миллӣ ва байнулмилалӣ масъала ба миён гузошта мешавад, ки дар судҳо нисбат ба шикоят оид ба шиканҷа чораҳои муассир андешида шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 66

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон қаҳрамони CAFA-2026 шуд

Ин панҷумин қаҳрамонии Тоҷикистон дар ин мусобиқа аст.

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...