Тасдиқи афзоиши ҳаҷми чанде аз боҷҳои давлатӣ дар парлумон

Date:


Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонунҳо «Дар бораи боҷҳои давлатӣ» ва «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»-ро дастгирӣ намуданд.

Зимни ба вакилон шарҳ додани моҳияти тағийрот ба қонун раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Нусратулло Давлатов изҳор намуд, ки пас аз қабули он ҳаҷми чанде аз боҷҳои давлатӣ дар кишвар зиёд мешавад. «Дар тағйирот афзоиши ҳаҷми боҷи давлатӣ барои иҷозати вуруд ба кишвар ва хориҷ шудан аз он, боҷ барои додани раводиди Тоҷикистон, гирифтани ваколатнома барои идораи воситаи нақлиёт ва расмиёти нотариалии баъзе ҳуҷчатҳо пешбинӣ шудааст», – гуфт ӯ, вале мушаххасан аз то кадом андоза афзудани ҳаҷми онҳо сухан нагуфт ва вакилон ҳам аз ӯ дар ин хусус чизе напурсиданд.

Танҳо вакил Низом Қосим ба ҳаҷми боҷи иҷозати хориҷ шудан ва ба кишвар баргаштан таваҷҷуҳ зоҳир кард. «Боҷи иҷозати вуруд ба кишвар ва хориҷ шудан аз онро мо чор маротиба зиёд мекунем, ки метавонад барои афроди муваққатан аз кишвар хориҷшаванда монеъа эҷод созад», – гуфт ӯ.

Дар посух ба он раиси Кумитаи андоз зикр кард, ки айни замон ҳаҷми боҷи давлатӣ барои иҷозати вуруд ба кишвар ва хориҷ шудан аз он 40 сомонӣ ва пас аз қабули тағйирот 160 сомониро ташкил хоҳад дод, ки афзоиши начандон назаррас аст.

Мувофиқи тағйироти тасдиқшуда ба қонуни ҶТ «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», минбаъд дар Тоҷикистон пардохти рекламаи беруна аз ҷониби паҳнкунандаи он сурат мегирад. Қаблан фармоишгарони ин рекламаҳоро низ ба чунин пардохт уҳдадор мекарданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...