АНМН: Ба нашъаҷаллобӣ асосан бекорон машғуланд

Муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Бунафша Одинаева зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки соли гузашта аз ҷониби тамоми сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ 5 тоннаву 978 кило маводи мухаддир мусодира шудааст. Ба қавли вай, соли2012 ҳаҷми маводи мухаддири мусодирашуда аз ҷониби кормандони Агентӣ ба андозаи 41% афзудааст. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр гардид, […]

Игор Лекаркин


Муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Бунафша Одинаева зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки соли гузашта аз ҷониби тамоми сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ 5 тоннаву 978 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.

Ба қавли вай, соли2012 ҳаҷми маводи мухаддири мусодирашуда аз ҷониби кормандони Агентӣ ба андозаи 41% афзудааст.

Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки соли гузашта панҷ нафар кормандони Агентӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ ҷалб карда шудаанд.

Бунафша Одинаева изҳор кард, ки 92,2%-и боздоштшудагон (858 нафар) барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро афроди муваққатан бекор, 7% (70 нафар)-ро шахсони коргар ва 0,8% ё худ 8 нафарро донишҷӯён ташкил медиҳанд.

Зикр гардид, ки аз шумори умумии ҷиноёти марбут ба маводи мухаддир дар соли гузашта 39% ба сокинони Душанбе, 31% – ба сокинони вилояти Суғд, 18% – ба сокинони вилояти Хатлон, 9% – ба НТМ ва 3% – ба ВМКБ рост меояд. Соли сипаришуда дар хориҷи кишвар барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 297 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ боздошт шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.