Абдуллоҷонов ба муддати 40 рӯз ҳабс шуд

Суди ноҳиявии Бориспол (вилояти Киев) пешниҳоди прокуратураро қонеъ намуда, дар бораи ҳабси муваққатии собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов қарор қабул кард. Бино ба иттилои РИА «Новости» бо истинод ба хадамоти матбуоти прокуратураи вилоятӣ, Абдуллоҷонов ба муддати 40 рӯз муваққатан ба ҳабс гирифта мешавад. То анҷоми ин муҳлат Душанбе бояд расман ба ҳукуматдорони Украина ҷиҳати истирдоди […]

ASIA-Plus


Суди ноҳиявии Бориспол (вилояти Киев) пешниҳоди прокуратураро қонеъ намуда, дар бораи ҳабси муваққатии собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов қарор қабул кард.

Бино ба иттилои РИА «Новости» бо истинод ба хадамоти матбуоти прокуратураи вилоятӣ, Абдуллоҷонов ба муддати 40 рӯз муваққатан ба ҳабс гирифта мешавад. То анҷоми ин муҳлат Душанбе бояд расман ба ҳукуматдорони Украина ҷиҳати истирдоди ӯ муроҷиат намояд.

Абдумалик Абдуллоҷонов, ки аз ҷониби ҳукуматдорони Тоҷикистон мавриди пайгарди қонунӣ эълон шудааст, чанде қабл дар фурудгоҳи Борисполи шаҳри Киев боздошт шуд.

Абдумалик Абдуллоҷонов яке аз чеҳраҳои маъруфи солҳои 90-и асри гузаштаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Соли 1992 ӯ нахуствазири Тоҷикистон таъин шуда, дар ин мансаб то моҳи декабри соли 1993 фаъолият дошт. Ӯ ҳамчунин ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Русия низ ифои вазифа намудааст.

Пас аз шикаст дар маъракаи интихоботи президентӣ дар соли 1994 ӯ Тоҷикистон тарк намуда, дар кишварҳои Ғарб зиндагӣ мекард.

Ҳамчунин тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, Абдуллоҷонов дар маблағгузории ошӯби полковник Маҳмуд Худоёбердиев низ гумонбар дониста мешавад, ки соли 1998 дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ фурӯ нишонда шуда буд. Солҳои ахир ӯ дар Лос-Анҷелеси ИМА ба сар мебурд.

Моҳи ноябри соли гузашта боз номи ӯ дар ВАО пайдо шуд. Мусоҳибаи ӯ дар бахши тоҷики сомонаи радиои Озодӣ ба табъ расид. Пайдо шудани Абдуллоҷонов дар сафҳаҳои матбуотро коршиносон ба маъракаи интихоботи президентии қарибулвуқӯъ дар Тоҷикистон рабт дода буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.